Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ҷалилӣ ва Эштон дар Истанбул


Саид Ҷалилӣ ва Катрин Эштон, Истанбул, 18-уми сентябри соли 2012.
Саид Ҷалилӣ ва Катрин Эштон, Истанбул, 18-уми сентябри соли 2012.

Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти милли Эрон ва Катрин Эштон, намояндаи ИМ дар сиёсати хориҷӣ, бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дидори Ҷалилӣ ва Аштон рӯзи сешанбеи 18-уми сентябр дар Истанбул баргузор шуд. Хабаргузории ИРНА-и эронӣ гузориш медиҳад, ки ду тараф дар бораи ин дидор изҳори назар накарданд.

Дар ҳамин ҳол дафтаи Катри Эштон бомдоди рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, ки вай ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти СММ, бо вазирони умури хориҷии гурӯҳи панҷ ба иловаи як дидор мекунад ва ба арзёбии вазъияти мавҷуд мепардозад.

Дар охирин даври гуфтугӯҳои Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ду тараф натавонистанд ба натиҷаи чашмрасе даст ёбанд.

Аз он ҳангом то кунун Иттиҳодияи Аврупо эълон кардааст, ки даври тозаи таҳримҳо алайҳи Эронро баррасӣ дорад. Шӯрои ҳуккоми Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ низ қатъномаи дигар алайҳи Эрон ба тасвиб расонд ва тайи он аз ин кишвар хост дастрасии бештаре ба бозрасони Оҷонс бидиҳад.

Эрон дар музокироти Маскав аз гурӯҳи панҷ ба илова як аз ҷумла хоста буд, ба ивази ҳамкории бештар бо Оҷонс, аз таҳримҳои вазъшуда коста шавад, ки мавриди тавофуқ қарор нагирифт.

Набуди пешрафт миёни Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як ва низ Эрон ва Оҷонс дар ҳоле аст, ки нахуствазири Исроил, дар ҳафтаи ахир бар «ҳаққ»-и ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон таъкид кард.
XS
SM
MD
LG