Пайвандҳои дастрасӣ

Каримов ба хотири сармоя ба Кореяи Ҷанубӣ рафт


Ислом Каримов-президенти Узбакистон

Ислом Каримов-президенти Узбакистон

Президенти Узбакистон Ислом Каримов бо ҳадафи дарфёти сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвараш бо сафари серӯза озими Кореяи Ҷанубӣ шуд. Дар арафаи вуруди Каримов ба Сеул ширкати Дэу (Daewoo)-и Кореяи Ҷанубӣ эълон намуд, ки кор дар конҳои нафту гази Узбакистонро мутаваққиф мекунад.
Дар ҳар сурат ширкатҳои дигари Кореяи Ҷанубӣ дар истихроҷу коркарди нафту гази Узбакистон фаъол мебошанд.
Як ҳафта пеш ҳангоми зиёрат аз Қазоқистон президенти Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мюнг Бак иброз дошт, ки кишвараш мехоҳад вобастагӣ ба маводи сӯхти Ховари Миёнаро коҳиш дода, тавассути роҳи оҳан ва шабакаи лӯлаҳо ниёзмандиҳои кишварашро бо нафту гази Осиёи Марказӣ бароварда созад.
XS
SM
MD
LG