Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини низомии Русия дар канори шаҳри Душанбе


Сарбозони дивизияи 201-уми Русия ҳангоми тамрин

Сарбозони дивизияи 201-уми Русия ҳангоми тамрин

Рӯзи чоршанбе нерӯҳои Русия дар размоишгоҳи Лоҳури канори шаҳри Душанбе тамрини низомии тактикии худро оғоз намуданд. Бар асоси маълумоти низомиёни Русия тамрин то охири ҳафтаи равон идома карда, дар он ҷузву томҳои дивизияи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, иштирок мекунанд. Дар размоиш тахминан 800 афсару сарбози Русия пинҳоншавӣ дар майдон, ташкили камингоҳҳо дар манотиқи кӯҳӣ ва истифодаи таҷҳизоти кӯҳиро машқ мекунанд. Дивизияи 201-уми нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шаҳрҳои Душанбе Кӯлоб ва Қурғонтеппа пойгоҳ дошта, бо тахминан 7500 афсару сарбозаш бузургтарин пойгоҳи сарбозони Русия дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар аст. Феълан Тоҷикистону Русия шароити тамдиди ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистонро, ки соли 2014-ум ба поён мерасад, баррасӣ доранд.
XS
SM
MD
LG