Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз сафари президенти Русия Владимир Путин ба Қазоқистон оғоз ёфт. Пешбинӣ мешавад, ки Путин бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вохӯрда, ҳамчунон дар Анҷумани ҳамкории байниминтақавии дар шаҳри шимолу шарқии Павлодари ин кишвар ширкат меварзад. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Қазоқистон 13 қарордоди ҳамкорӣ ба маблағи 1,8 миллиар доллар имзо хоҳанд шуд. Равобити Русия ва Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари муштаракулманофеъ беҳтарин ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG