Пайвандҳои дастрасӣ

КГБ Қазоқистон аз Тсой ва Искандаров чӣ мехоҳад?


Ширинбек Искандаров, яке аз маҳбусони собиқи зиндони Пули Чархии Афғонистон.

Ширинбек Искандаров, яке аз маҳбусони собиқи зиндони Пули Чархии Афғонистон.

Мақомоти Қазоқистон Ширинбек Искандаров ва Виктор Сой, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки се сол дар зиндони Пули Чархии Афғонистон бандӣ буданд, ба Остона даъват кардаанд.

Ширинбек Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ аз Кумитаи амнияти Қазоқистон ва як бонки ин кишвар занг зада, ба Остона даъват кардаанд. Вай афзуд, ба ӯ гуфтаанд, ки далоили ин даъватро пас аз омаданаш, ошкор хоҳанд кард.

Ширинбек Искандаров ва ду ҳамроҳи ӯ - Яков Тсой ва Ҳасан Отариев, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх” аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуда буданд. Ҳасан Отараев дар зиндон даргузашт. Ширинбек Искандаров бо дахолати раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2011 аз зиндони Пули Чархӣ раҳо ва ба ватан бозгашт.

Яков Тсой моҳи феврали соли равон ба Душанбе баргашт ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро барои боздошти худу ҳамроҳонаш дар Афғонистон муттаҳам кард. Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки дар Бонки «Империал» - и Аморати Муттаҳидаи Араб 300 миллион доллар дорад ва нусхаи аслии чеки ин пулро ӯ қабл аз сафар ба Афғонистон дар ихтиёри як масъули Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гузоштааст.

Ширинбек Искандаров ба нақли қавл аз Яков Сой, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад, гуфт, даъвати мақомоти Қазоқистонро мавсуф қабул накардааст. Худи Искандаров ҳам бар ин аст, ки даъвати ӯ тариқи телефон расмӣ нест ва ӯ ба Остона нахоҳад рафт.

Ба қавли ӯ, танҳо дар ҳоле даъвати ҷониби Қазоқистонро хоҳад пазируфт, ки мақомоти зидахли Тоҷикистон ҳам огоҳ карда шаванд ва даъват тариқи сафорати Қазоқистон дар Душанбе сурат гирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG