Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯконҳои сӯхтаи "Корвон" 50 дарсад барқарор шудаанд


Tajikistan -- Fire at Korvon market, Dushanbe, 06Sep2012

Tajikistan -- Fire at Korvon market, Dushanbe, 06Sep2012

Аввалин дӯконҳо дар бозори яклӯхтфурӯшии «Корвон», ки пурра ба коми оташ рафта буд, ба кор даромаданд. Нуршед Машрабов, раиси «Корвон» ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳудуди 20 дӯкон дар ин бозор ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар рӯзҳои наздик чанд дӯкони дигар низ ба истифода дода хоҳанд шуд. Вай афзуд, корҳои сохтмонӣ шабонарӯзӣ идома доранд ва дар ҳоли ҳозир қариб 50 дарсади бозори яклухтфурӯшӣ такмил шудааст. Рӯзи 6 сентябр Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба тоҷирони зарардидаи бозори яклухтфурӯшии «Корвон», ки даст ба тазоҳурот зада буданд, ваъда дода буд, ки то як моҳи дигар бозор аз нав ба кор медарояд. Нуршед Машрабов мегӯяд, ин навбат дар бозор тамоми шароит ва василаҳои зиддисӯхтор, аз ҷумла гӯшаҳои махсус ва ҳавзҳо эҷод хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG