Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Обама ба баёнияи Митт Ромни


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба як баёнияи таҳқиромези Митт Ромни, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раёсати ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, посух гуфт. Митт Ромни дар як маҳфили хоси ҳомиёни сарватмандаш гуфтааст, ки 47 дар сади мардум дар Иёлоти Муттаҳида ба Барак Обама раъй хоҳанд дод, зеро худро “ҷабрида” мешуморанд. Митт Ромни гуфтааст вазифаи ӯ ғамхорӣ дар ҳаққи ин мардум нест. Барак Обама дар мусоҳибаи телевизионие гуфт, ки агар касе, мехоҳад раиси ҷумҳури Амрико бошад, бояд “барои ҳар як нафар кор кунад, на барои баъзеҳо.” Дар вокуниш ба баёнияи дигари Митт Ромни ки гуфтааст фаластиниён ҳеҷ майле барои истиқрори сулҳ надоранд, Соҳиб Аракот, музокиракунандаи фаластиниён гуфт, ин баёнияи ғайриқобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG