Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳимӣ: "Низоъ дар Сурия бадтар мешавад"


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб барои Сурия, мегӯяд, низоъ дар ин кишвар бадтар мешавад ва ба субот дар тамоми минтақа таҳдид мекунад. Ахзар Иброҳимӣ дигарбора аз тамоми тарафҳои низоъ хост, барои ҳалли ин муноқиша ҳамроҳ кор кунанд. Ӯ дар ин бора бо телевизиони Ал-Ҷазира сӯҳбат кард. Ахзар Иброҳимӣ пештар аз ин аз ӯрдугоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Ӯрдун боздид кард. Ӯ рӯзи душанбе бо Набил ал Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб дар шаҳри Қоҳира мулоқот дошт ва рӯзи якшанбе бо Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия. Ахзар Иброҳимӣ чанде пеш ҷойгузини Кофӣ Анон шуд, ки ӯ аз мақоми фиристодаи хоси Созмони Милал истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG