Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаҳои атомии Эрон дар Истанбул баррасӣ шуд


Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи сешанбе дар шаҳри Истанбул дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишвар гуфтӯгу кардаанд. Мулоқоти мазкур пайгирии музокироти ҳастаии Эрон ба қудратҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июн буд, ки натиҷае чашмгире надод. Ҳафтаи гузашта шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ давлати Эронро барои сарпечӣ аз боздошти фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ва сарзаниш кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, махфиёна бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоҳоро пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG