Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон бо сокинони Хоруғ мулоқот мекунад


Интизор меравад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони Хоруғ, ки чанде пеш шоҳиди нооромӣ шуд, мулоқот кунад. Эмомалӣ Раҳмон сафари кориаш аз Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон шурӯъ кард ва қарор аст, имрӯз дар боғи марказии шаҳри Хоруғ дар ҳузури 4 ҳазор нафар суханронӣ кунад. Дар ин шаҳр мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 24 июл як амалиётеро барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷа 70 нафар, аз ҷумла 17 маъмури амниятӣ кушта шуд. Ба гуфтаи мақомот ҳадаф аз ин амалиёт боздошту маҳви омилони қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон буд, ки рӯзи 21 июл кушта шуд. Ин амалиёт хашму тазоҳуроти сокинони Хоруғро барангехт, ки мегӯянд, омилони қатли Абдулло Назаровро метавонистанд, бе амалиёту ҷанг дар шаҳр дастгир кунанд.
XS
SM
MD
LG