Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи амалиёти муштараки НАТО бо нерӯҳои афғон


Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон эълон карданд, ки тасмими онҳо ба коҳиши амалиёти муштарак посухи “муваққат” ба “таҳдиди кунунӣ”-ст.

Генерал-лейтенант Ҷеймс Террӣ, фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико дар Афғонистон рӯзи сешанбе ба тавқифи амалиётҳои муштараки воҳидҳои камтар аз баталйон, ки камтар аз 800 сарбоз доранд, амр дод.

Ин тасмим дар пасманзари силсилаи мавридҳоест, ки пулису сарбозҳои афғон ё чирикиҳои либоси онҳо дар тан, силоҳи худро алайҳи нирӯҳои эътилоф мегардонанд. Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон бар асари чунин ҳамалоти дохилӣ дастикам 51 сарбози эътилоф ҷон бохтаанд.

Вазири дифои Бритониё Филлип Ҳаммонд рӯзи сешанбе ба парлумон гуфт, қарори тавқифи амалиётҳои муштарак ҳанӯз “расмӣ” нашудааст, вале ба амалиётҳо “таъсири ҳадди ақал” хоҳад дошт.

Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг низ асароти ин тасмим ба амалиётҳо дар Афғонистонро “комилан ночиз” хонд: “Мо ба ҳамлаҳои дохилӣ тан нахоҳем дод. Мо тавонмандии худ барои муқобила бо ин таҳдидро беҳтар хоҳем кард ва ин кор феълан идома дорад. Аз ин рӯ, ман фикр намекунам, ки мо ба хотири рафъи ин мушкил дар барномаи худ дар Афғонистон бояд кадом тағйири бузурге кунем.”

Танҳо дар поёни ҳафтаи гузашта аз тири пулиси афғон 6 сарбози эътилоф, бо шумули 2 бритониёӣ кушта шуданд.

НАТО қасд дорад то поёни соли 2014 масъулияти таъмини амният дар Афғонистонро ба нирӯҳои маҳаллӣ вогузор кунад, вале коҳиши амалиётҳои муштарак зоҳиран метавонад садде дар роҳи иҷрои ин барнома шавад. Вакили парлумон аз ҳизби мухолифи коргарии Бритониё Денис МакШон гуфт, тасмими ахир бар хилофи “тамоми меҳвари стратегияи Амрикову Бритониё дар Афғонистон аст.”

Сухангӯи эътилоф майор Адам Вояк гуфт, тасмими тавқифи амалиётҳои муштарак ба “аксарияти азим”-и нирӯҳои амниятии Афғонистон, ки шуморашон дар ҳоли ҳозир то 350 000 гуфта мешавад, таъсир хоҳад кард. Ин нирӯҳо бояд акнун амалиётҳоро бидуни ҳимояти муттаҳидини худ аз эътилоф ба роҳ биандозанд. Сухангӯи НАТО гуфт, ин тасмим ба пуштибонии нирӯҳои ҳавоӣ, аз ҷумла берун овардани захмиён аз роҳҳои ҳавоӣ, таъсир намекунад ва амалиётҳои тамринии ғайриҷангӣ низ идома хоҳанд ёфт.

Генерал Афзал Амон, фармондеҳи амалиётҳои вазорати дифои Афғонистон ба Ройтерс гуфт, ин идора ҳанӯз дар бораи тасмими ахир “аз нирӯҳои хориҷӣ иттилоъи расмие нагирифтааст.”

Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта, ки зимни боздидаш аз Пекин сӯҳбат мекард, гуфт, тасмими тавқифи амалиётҳои муштарак боиси кадом таъхире дар барномаи хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф аз Афғонистон нахоҳад шуд. Ин нирӯҳо, қарор аст, то поёни соли 2014 берун оварда шаванд.
XS
SM
MD
LG