Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни видеоии "Озодӣ"


Дар дафтари Озодӣ дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" доир гардид.

Ҷоизаҳоро ба барандагони озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" сардабири торнамои Радиои Озодӣ Хиромон Бақозода ва мудири дафтари Озодӣ дар Душанбе Хуршеди Ҳамдам тақдим намуданд.

Ҷоизаи аввал барои навори “Худсӯзӣ аз дасти хушдоман” ба Завқибек Солиҳов (телефони навъи Андроид), ҷоизаи дуюм ба видеои “Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат”-и Маҳбуби Ганҷаалӣ (нетбуки навъи аъло) ва ҷоизаи севум барои “Парчами Тоҷикистон” ба Хуршеда Гулова (нетбуки навъи аввал) тақдим гардид. Ҳамзамон ба онҳое, ки дар ин озмун иштирок кардаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки дар ин озмун иштирок карда, видеоҳои худро ба мо фиристода буданд, изҳори сипос мекунад.



Бояд гуфт, дар гузашта Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ду озмун баргузор карда буд. Соли 2010-ум дар озмуни беҳтарин аксҳо зери унвони “Ончӣ мебинам” зиёда аз 250 акс пешниҳод шуда, аввал даҳгонаи беҳтарин муайян ва аз байни онҳо барандагони се ҷоизаи аввал эълон шуданд. Инҳо Назокат Аббосова барои акси “Зоирони Бурхи Валӣ”, Хуршед Камолов барои акси “Писарак ва хари ӯ”, Ҷаҳонгири Султон барои акси “Чойники сеҳрнок” буданд, ки дар маросими тақдими ҷоиза дар ҷашни Наврӯз меҳмони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе шуданд.

Озмуни дувуми Радиои Озодӣ, ки дар соли 2011 зери шиори“Ман дар СССР зистаам” ҷараён ёфт, ҳам акс ва ҳам матнро дар бар мегирифт. Ба ин озмун наздик ба 500 акс ва зиёда аз 100 матн пешниҳод шуда, барои беҳтарин матн ҷои аввал ба Хушомад Алидодов, сокини шаҳри Хоруғ, барои хотираи “Баробарӣ баробари бародарист”, ҷои дувум ба Наҷмиддини Шоҳинбод барои қиссаи "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав” ва ҷои савум ба Муҳаммадюсуфи Шодӣ барои хотираи “Барф борад, баъд мӯза мепӯшам” дода шуд. Барои беҳтарин акс ҷои аввалро Дилшод Раҳимов, сокини ноҳияи Ҳисор, барои акси “Хаткашони деҳаи мо”, ҷои дувумро Сиддиқ Нилобеков бо акси "Трибуна” ва ҷои савумро Саттор, сокини шаҳри Душанбе барои акси “Мо ва Ил-18” гирифтанд. Бахтиёр Файзуллоев барандаи Ҷоизаи таваҷҷӯҳи бинандагон шуд. Ба барандагони ҷои аввал компютерҳои нетбук, ҷои дувум диктофонҳои журналистӣ ва савум телефонҳои мобили дорои дастгоҳи аккосӣ тақдим шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG