Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тайбэй парчами Ҷопонро оташ заданд


Дар шаҳри Тайбэй, пойтахти Тайван, беш аз сад нафар дар робита ба қазияи ҷазираҳои Сенкаку, ки таҳти назорати Ҷопон қарор доранд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо парчами Ҷопонро сӯзонданд ва хостори ҳамкорӣ бо Пекин ба хотири баргардонидани ин ҷазираҳои баҳснок шуданд. Эътирозгарон ҳамчунин ИМА-ро дар пуштибонӣ аз Токио муттаҳам карданд.

Аммо раисиҷумҳури Тайван Ма Интсзю изҳор намуд, ки Тайбэй бо Пекин ҳамкорӣ нахоҳад кард, зеро ин ба робитаҳои Тайван бо Ҷопон латма хоҳад зад.

Тайван, Чин ва Ҷопон даъвои соҳибии ин ҷазираҳои воқеъ дар баҳри Чини Шарқиро доранд, ки дар 200 километрии Тайван ва 400 километр дуртар аз шаҳри Нахаи Ҷопон ҷойгиранд.

Ҳафтаи гузашта Ҷопон эълон дошт, ки ин ҷазираҳоро аз моликашон харидорӣ кардааст. Баъд аз ин Тайван сафирашро аз Токио бозхонд, дар Чин бошад, намоишҳои оммавии зиддиҷопонӣ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG