Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи раъйдиҳии пешакӣ дар интихоботи Белорус


Дар Белорус раъйдиҳии пешакӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 23 сентябр шурӯъ шуд.

Рӯзи шанбе ду ҳизби асосии мухолифин – Ҳизби муттаҳидаи шаҳрвандӣ ва Ҷабҳаи мардумии Белорус номзадҳои худро аз феҳристи довталабони курсиҳои парлумонӣ берун карданд. Онҳо иддао доранд, ки маъракаи интихоботӣ ғайридемократӣ мегузарад ва талаби мухолифин барои раҳоии маҳбусони сиёсӣ иҷро нашудааст.

Айни ҳол дар варақаҳои раъйдиҳӣ тақрибан 300 номзад боқӣ мондаанд, ки барои 110 мандати вакили парлумон талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG