Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон дастрасӣ ба YouTube номумкин шуд


Роҷа Парвиз Ашраф

Роҷа Парвиз Ашраф

Мақомоти Покистон дастрасӣ ба сомонаи YouTube-ро, ки дар он пораҳо аз филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо” нашр шудааст, қатъ карданд. Дар ин бора нахуствазири Покистон Роҷа Парвиз Ашраф амр содир намуд.

Дар изҳороти ҳукумат гуфта шудааст, ки дастрасӣ ба сомона то пурра аз интернет берун кардани филм номумкин хоҳад буд.

Дирӯз дар шаҳрҳои гуногуни Покистон алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” намоишҳои зиддиамрикоӣ доир шуданд. Раҳбарони мазҳабӣ даъват карданд, ки рӯзи ҷумъа дар кишвар намоиши эътирозии умумимиллӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG