Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ филми "Бегуноҳии мусалмонҳо"-ро маҳкум кард


Шӯрои сиёсии ҲНИТ филми "Бегуноҳии мусалмонон"-ро, ки дар он паёмбари Ислом истеҳзо шудааст, маҳкум намуд.

Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз кишварҳои зидахл ва созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, таҳиягарони "Бегуноҳии мусалмонон"-ро, ки ҳоло дар олами Ислом шӯр барангехтааст, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин нукта дар баёнияи расмии Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки рӯзи 18-уми сентябр ба дасти мо расид, таъкид шудааст. Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри ин баёния гуфтааст, филми "Бегуноҳии мусалмонон"-ро, ки дар он ҳазрати Муҳаммад таҳқиру тавҳин мешавад, "қотеона маҳкум менамояд".

Дар ин баёния аз ҷумла мехонем, "шахсияти паёмбар волотарин арзиши исломӣ барои ҳар як мусалмон аст ва барои эҳтирому эътибор қоил шудан ба арзишҳои диниро санадҳои байналмилалӣ ҳам таъкид кардаанд."

Ба бовари масъулони ҲНИТ, ҳадаф аз таҳия ва пахши чунин филмҳо "адами таҳаммули онҳо аз нуфузу густариши Ислом ва ба хотири ба вуҷуд овардани ваҳму ҳарос дар афкори ҷомеаҳои мухталиф ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ба ном исломист."

Филми "Бегуноҳии мусалмонон" аз рӯзи 11-уми сентябр ба ин сӯ дар бархе аз кишварҳои мусалмоннишин эътирозҳои густардаеро ба дунбол дорад. Ин филм боис ба ҳалокати сафири Амрико дар Либия ва се дипломати дигари амрикоӣ дар Бенғозӣ гардид. Рӯзи душанбе, 17-уми сентябр, низ ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар маҳаллаҳои шианишини шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, алайҳи ин филм эътироз карданд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ин раҳпаймоӣ гуфт, “то замоне ки филмро аз Интернет пок накунанд, тазоҳуроти мо идома хоҳад ёфт.” Ҳасан Насруллоҳ ҳушдор дод, ки дар сурати намоиши комили филми “Мусулмонони Бегуноҳ”, Амрико ба “аксуламали хатарнок дар тамоми ҷаҳон” дучор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки филми “Бегуноҳии мусалмонҳо"-и тавлиди Амрико метавонад дар Русия ба феҳристи филмҳои ифротгароёна шомил шавад. Додситонии кулли Русия дар бораи ифротгароёна хондани филм ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард. Намояндаи расмии Додситонии кулли Русия Мария Гриднева хабар дод, ки дархост ба додгоҳ дар пояи тафтиши пайдо шудани филм дар интернет таҳия хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, провайдерҳо аллакай огаҳ карда шудаанд, ки аз пахши ин филм дар Русия худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG