Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши сеюм ва боз ҳам нокоми Раҳматулло Зоиров


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон

Мизи мудаввари Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон дар мавзӯи интихоботи президентии соли 2013 баргузор нашуд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал – демократи Тоҷикистон ва раҳбари ин созмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси маслиҳати қаблӣ бо маъмурияти меҳмонхонаи "Каён-1" ширкатдорони мизи гирд дар бораи интихоботи президентии соли 2013 ҷамъ омаданд, аммо дари коргоҳро баставу мӯҳрзада ёфтанд.

Ӯ афзуд, фаъолияти меҳмонхона пурра аз сӯи хадамоти беҳдоштӣ қатъ шуда, кормандони хадамоти коммуналии шаҳр бо арраву трактор дар саҳни он дарахтбурӣ мекунанд.

Ин мизи гирд дар рӯзи 13-уми сентябр дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии тобеи вазорати умури хориҷӣ бояд сурат мегирифт, аммо ба далели дар ин рӯз пеш омадани чорабиниҳои вазорат баргузор нашуд. Талоши баргузории мизи гирд дар рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонхонаи "Каён-1" низ номуваффақ буданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам барои кирои толорҳо 150-долларӣ пардохт шудааст.

Раҳматулло Зоиров мегӯяд, мизи гирд "Зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи президентӣ" унвон дорад ва ба бовари ӯ мақомот садди баргузории он мешаванд. Вай афзуд, ин монеасозиҳои сунъӣ аз тарафи мақомот пиёда мешаванд ва ӯ ба сафирону намояндагони кишварҳои Аврупо ва Амрико, ки барои ширкат ба мизи гирд омада буданд, инро шеваҳои демократия дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Раиси ҲУСДТ мегӯяд, ин чорабинии ҳизбаш нест, балки Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон аст ва баҳсу табодули назарро дарбар мегирад. Раҳматулло Зоиров мегӯяд, акнун дари Институти осори хаттӣ ва дастхатҳоро барои баргузории мизи гирд хоҳад кӯфт.
XS
SM
MD
LG