Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи интиҳории Кобул нӯҳ хориҷӣ кушта шуданд


Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Фармондеҳии амнияти Кобул тайи як эъломия гуфтааст, дар натиҷаи ҳамлаи интиҳории субҳи рӯзи сешанбе нӯҳ табаа ё шаҳрванди хориҷӣ ва се афғони ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Дар ин эъломия ҳамчунин гуфта шудааст, дар ин ҳодиса ду тан аз нерӯҳои амниятии афғон низ захмӣ гардидаанд. Генерал Довуд Амин, муовини фармондеҳи амниятии Кобул аз ин пеш дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ аз кушта шудани 7 хориҷӣ ва ду афғон хабар дода буд.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси Кобул, таркиш бар асари бархӯрди мошини пур аз маводи тарканда ба автобуси ҳомили кормандони як ширкати хусусӣ дар ҷодаи мунтаҳӣ ба фурудгоҳи Кобул рух додааст.

Ҳизби исломии Афғонистон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG