Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти "Гурӯҳи Тамос"-и Сурия баргузор шуд


Намояндагони чаҳор қудрати минтақавӣ дар Ховари Миёна рӯзи душанбе авзоъ дар Сурияро баррасӣ карданд. Ба ин “Гурӯҳи Тамос”, Туркия, Эрону Арабистони Саудӣ ва Миср шомиланд ва ба истинои Эрон дигар аъзои гурӯҳ аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мехоҳанд, истеъфо бидиҳад. Бо далоили номаълум, Шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ ба мулоқоти гурӯҳ дар шаҳри Қоҳира наомада ва касеро ҳам ба ҷойи худ нафиристодааст. Муҳаммад Камол Амр, вазири умури хориҷии Миср гуфт, аъзои “Гурӯҳи Тамос” мувофиқат карданд, ки ҳамин моҳ дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кунанд. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки ин чаҳор кишвар метавонанд, “нақши бузурге” дар Сурия ифо кунанд. Аҳмад Довудоғлу вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, ки масъалаи минтақавиро бояд худи кишварҳои минтақа ҳал кунанд. Бо назардошти беэътимодии Эрону Арабистони Саудӣ ба ҳам, таҳлилгарон мегӯянд, аз дасти ин гурӯҳ кори зиёде намеояд.
XS
SM
MD
LG