Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бемориҳои дил, иллати асосии маргу мир дар Тоҷикистон


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, иллати тақрибан 40 дар сади маргу мир дар Тоҷикистон бемориҳои дил аст, ки мардум бинобар истеъмоли намак ва чарби зиёд ба он бемориҳо гирифтор мешаванд. Гузашта аз ин фарбеҳӣ низ як мушкили ҷиддӣ дар миёни 28 дар сади занони Тоҷикистон гашта ва иллати аслии гирифтории онҳо ба бемории қанд, саратон ва бемориҳои дил шудааст. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин мушкилотро истеъмоли ғизои номуносиб дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст ва ҳоло давлати кишвар мехоҳад, то охири сол тарҳи Стратегияи тағзия ва ғизои сиҳӣ барои солҳои 2012-2020-ро қабул кунад, ки ҳадафи он расидагӣ ба ҳамин мушкилот аст. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта ба таҳияи санади мазкур шурӯъ кардаанд ва қарор аст, он то охири ҳамин сол барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод шавад.
XS
SM
MD
LG