Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот алайҳи филми зиддисломӣ


Рӯзи душанбе ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар маҳаллаҳои шиъанишини шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон алайҳи филме эътироз карданд, ки дар он Ҳазрати Муҳаммадро ба масхара кашидаанд. Сайид Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ин раҳпаймоӣ гуфт, “то замоне, ки филмро аз Интернет пок накунанд, тазоҳуроти мо идома хоҳад ёфт.” Ҳасан Насруллоҳ ҳушдор дод, ки дар сурати намоиши комили филми “Мусулмонони Бегуноҳ”, Амрико ба “аксуламали хатарнок дар тамоми ҷаҳон” дучор хоҳад шуд. Тазоҳурот дар Лубнон баръакси тазоҳурот дар гӯшаҳои дигари дунё орому осоишта буд. Дар тазоҳуроти хушунатомези Покистон ду нафар кушта шуд, дар Кобули Афғонистон тазоҳургарон ба пойгоҳи Амрико санг андохтанд ва дар пойтахти Индонезия садҳо тазоҳургар бо маъмурони пулис даргир шуданд. Дар назди сафорати Амрико дар Озарбойҷон 20 тазоҳургарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG