Пайвандҳои дастрасӣ

"Фонди синф". Пули пардаву ҷорӯбу сатил ҳам илова шуд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бо гузашти ҳамагӣ ду ҳафта аз оғози соли нави таҳсил, аллакай аксарияти волидайнро фарзандонашон ба қавле аз гулӯяшон доштаанд, ки то маблағи «фонди синф»-ро омода намоянд.

Шоираи Ҳидоятулло, сокини шаҳри Турсунзода аз он нигарон аст, ки сол то сол маблағи «фонди синф» ё пули таҳсил боло меравад. Ба гуфтаи Шоира, агар соли гузашта ин маблағ 15 сомониро ташкил медод, имсол он ба 25 сомонӣ афзоиш ёфтааст:

«Ғайр аз фонде, ки месупоранд 25 сомонӣ, боз имрӯз пули парда, фардо пули сатил, ҷорӯб ана барои ҳамин ашёҳои даркорӣ ҳам пул ҷамъ мекунанд. Ҳамон заҳматҳои муаллим гӯё, ки 25 сомонӣ қадрдонӣ мешудааст ва падару модар вазифадор будаанд, ки ҳар моҳ ана ҳамин маблағро супоранд. Агар насупоранд, фарзандашонро гирифта аз партаи аввал ба партаи ақиб мешинонанд. Дар байни бачаҳо шармсор мекунанд. Модари ту пул надорад-мӣ намедиҳад мегӯянд, баъд фарзанд, ки омада аз гулӯи падару модар гирифт, волидайн маҷбур мешаванд, ҳамон маблағро диҳанд».

Шоира мегӯяд, феълан 2 нафар фарзандаш дар синфи чаҳор мехонаду акнун ӯро мебояд ба ҳардуи онҳо моҳе 50 сомонӣ пули таҳсилро пардохт кунад. Афзун бар ин, боз ҳамин миқдор маблағи дигар, ӯ бояд пули дарсҳои иловагии фарзандонашро ҳар моҳ супорад.

Ба монанди Шоираи Ҳидоятулло имрӯз бисёре аз волидайн аз пулакӣ будани таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва сол то сол боло рафтани он норозигӣ мекунанд. Баъзе аз ин падару модарон, ки то 4-5 нафар фарзандашон дар чунин мактабҳо таҳсил мекунанд, ки ҳар моҳ ба ҳар яке аз онҳо пардохти ин гуна маблағ гарон аст. Ҳол он ки маблағи «фонди синф» дар баъзе аз макотиби пойтахт то ба 50 сомонӣ мерасад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи моддаи 47-уми Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии давлатӣ ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз хонандагон ва падару модарони онҳо манъ аст».

Вале дар ин қонун ҳамчунин омадааст, ки «падару модарон метавонанд барои таъмири синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва харидории таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои ихтиёриро ҷудо кунанд».

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф дар ин робита мегӯяд, «дар он ҷое, ки қонун вайрон карда мешавад, нисбат ба ин гуна устодон ва омӯзгорон ё роҳбарони муассисаҳо чора андешида мешавад. Тамоми воридоти маблағие, ки сурат мегирад, бояд тибқи қонунҳои амалкунанда амалӣ карда шаванд ва дар ҳолати пардохти маблағ, бояд ба он нафаре, ки маблағро пардохт мекунад боя гон тасдиқномае воридоти маблағ дода шавад. Падару модарон метавонанд ба вазорати маориф ва ё шӯъбаи маорифи ноҳияашон муроҷиат кунанд ва нисбати чунин қонунвайронкунандагон чораҳои амалӣ дида мешавад».

Аммо ба суоли он, ки оё то имрӯз аз ҷониби волидайни хонандагони мактаб вобаста ба ришваситонии муаллимон ба вазорати маориф шикоятҳо ворид Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

шудааст ва ё аз ҷониби ин ниҳод нисбат ба чанд нафар омӯзгор бо ҷурми пулситонӣ чора андешида шудааст, Маҳмудхон Шоев чизе гуфта натавонист.

Файзалӣ Холов, коршиноси соҳаи маориф мегӯяд, имрӯз ришвахӯрӣ ва ришваситонӣ тамоми соҳаҳоро дар Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва боиси таассуф аст, ки он аз мактаб-даргоҳи муқаддас сарчашма мегирад. Вале ин коршинос чунин вазъро ба пойин будани маоши омӯзгорони мактаб бастагӣ медиҳад: «Ҳоло маоши 60 дарсад зиёд шударо дар даст нагирифта, аллакай нарху навои бозор ба осмони 7-ум хестааст. Чунин тадбирҳо ягон манфиат бахшида наметавонанд. Агар як оилаи ҷавон, яъне зану шавҳар моҳе 3 ҳазор сомонӣ маош гиранд, ки бо он як каме одамвор зиндагонӣ кардан мумкин аст, яъне миёнаҳолона, муаллим дигар майл намекунад, ки аз толибилм моҳона талаб намояд».

Зимнан, бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз авввали моҳи сентябр маоши муаллимон 60 дарсад афзоиш дода шуд. Ба ин тартиб, моҳонаи як омӯзгор, ки ҳафтае 18 соат дарс дорад, ба 655 сомониву 55 дирам баробар мешавад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, Радиои Озодӣ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG