Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони ошиқ дар Кӯлоб бе ҷои мулоқот монданд


Даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб.
Даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб.

Гӯшаҳои аз чашм пинҳони Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб дигар наметавонад ҷои вохӯрии ошиқон бошад.

Раҳбарияти Боғи фароғатии шаҳри Кӯлоб ба ҷавонон ҳушдор додааст, ки вохӯриҳои ошиқонаашонро дар кунҷҳои нонамоён аз чашми сокинон нагузаронанд. "Ҷавонони ошиқ ҳар сӯҳбате, ки дар доираи ахлоқ доранд, дар рӯи курсиҳои истироҳатии ба чашми намоён анҷом диҳанд",-мегӯянд масъулони боғ.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ним моҳ пеш ҷавони ошиқе дӯстдоштаашро барои вохӯрӣ ба ҷои пинҳони ин Боғ даъват карда, дар пайи як муноқиша ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Саидкарим Шокиров, директори ин Боғ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо ва дигар амалҳои бадахлоқона, монеи сӯҳбати ҷавонон дар маконҳои аз чашм пинҳон мешаванд: "Ҳар нафаре, ки сӯҳбат дорад, марҳамат дар рӯзи равшан омада, боодобона сӯҳбат кунад. Мо ба онҳое, ки гулу буттаҳоро шикаста дар ҷои пинҳон сӯҳбатҳои аз ахлоқ берун мекунанд, роҳ намедиҳем. Дар сурати ба ҳушдорҳои мо гӯш надодан, онҳоро ҷарима ҳам хоҳем кард. Ҳоло мо назоратро ҷиддитар мекунем, зеро инҷо танҳо Боғи фароғатӣ ва истироҳатист."

Ин ҳушдори раҳбарияти Боғро ҷавонон ба гунаҳои мухталиф қабул кардаанд. Холиқ Раҳмонов, як ҷавони маҳаллӣ ин иқдомро дуруст ва саривақтӣ медонад. Ӯ мегӯяд, "ин кори хуб аст. Мо мардуми мусалмони шарқем. Ин дар шаъни мо намезебад, вақте як духтару як писар дар назари умум сӯҳбат мекунанд ва рафторҳои нодуруст мекунанд, номи ҳардуяшон бад мешавад. Ин на танҳо ба дигарон, балки ба худи ин ҷавонон низ дар ҷомеаи мо зарар дорад."

Низомиддин Комилов, устоди ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мегӯяд, ҳарчанд мо дар ҷомеаи демократӣ ба сар мебарем, вале демократияву озодӣ ҳам ҳад дорад. Комилов мегӯяд, аксари он ҷавононеро, ки дар Боғ мушоҳида мекунад, ошиқи ҳақиқӣ намедонад, балки онҳо аз рӯи ҳавою ҳавас бо ҳамдигар ишқбозӣ мекунанд. "Корҳои бадахлоқиро намешавад ишқ гуфт. Ишқ ба гуфтаи Хайём "ҳар гоҳ, ки бимириву нанолӣ ишқ аст". Инҳо як ҳавасбозанд ва ахлоқи ҷавононро вайрон мекунанд. Кори хубу дуруст аст, ки пеши роҳи онҳо на танҳо аз ҷониби раҳбарияти Боғ, балки аз ҷониби волидайн ҳам гирифта шавад",-афзуд ӯ.

Аммо Гулизор, як ҷавондухтар мегӯяд, дар аксар ҳолат раҳбарон ба ҷои "салла калла" меоранд. Ба гуфтаи ӯ, бештари ҷавонон дар Боғ, ки ягона ҷои истироҳат дар дохили шаҳр аст, боодобона сӯҳбат мекунанд. Ӯ мегӯяд, аз ин пас метарсад, ки чунин сӯҳбатҳо ҳам маҳдуд мешавад: "Озодӣ ҳаст, набояд чунин кунанд. Ягон кас ҳам агар ягон қонуншиканӣ мекунад, бигзор ҷазо гирад, лекин набояд ҳамаро баробар нигарист. Аз миёни сад духтар агар як духтараш чунин накунад, дигар касе ба чунин корҳои беодобӣ даст намезанад. Боғ ҷои шиносоӣ ва сӯҳбатҳои дӯстона аст."

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази Кӯлоб воқеъ буда, ягона ҷои дилхушӣ барои сокинон дониста мешавад. ба ин боғ аксаран ҷавонон омада, бо якдигар сӯҳбат мекунанд. Вале ҳалокати як духтар дар ин боғ боис шудааст, ки маъмурияти он сӯҳбати ҷавонони ошиқ дар гӯшаҳои аз назар пинҳони ин боғро маҳдуд созанд.
XS
SM
MD
LG