Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эътирозҳо алайҳи филми "Бегуноҳии мусалмонҳо"


Дар кишварҳои гуногуни мусалмонӣ эътирозҳо алайҳи филми "Бегуноҳии мусалмонҳо" идома карданд. Дар шимолу ғарби Покистон намоиши эътирозӣ ба бархӯрд бо полис печид, ки дар натиҷа як кас ба ҳалокат расид. Дар шаҳри Қарочӣ 20 донишҷӯи эътирозгар боздошт шуданд.

Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, садҳо нафар дар намоиши эътирозӣ алайҳи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо”, ки дар Амрико навор гирифта шудааст, ширкат карданд.Эътирозгарон шиорҳои зиддиамрикоӣ мезаданд, балонҳои мошинҳоро месӯзонданд ва санг меандохтанд.

Эътирозҳо дар қисмати шарқии Кобул, дар наздикиҳои пойгоҳҳои низомии ИМА ва НАТО шурӯъ шуданд. Раиси полиси пойтахт Муҳаммад Солангӣ гуфт, ки бархе аз эътирозгарон сӯи кормандони полис оташ кушоданд.Ба нерӯҳои амниятӣ амр шудаааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳо, сӯи издиҳом оташ накушоянд. Дасти кам 40 корманди полис ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Дар Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ. нерӯҳои амниятӣ, ба хотири парокандасозии эътирозгарон сӯи фаво оташ кушоданд. Дар шаҳри Медани ин кишвар ҷамъомадагон парчами Амрикоро лагадкӯб карданд.

Дар Яман садҳо тан аз донишҷӯён дар канори сафорати ИМАо ҷамъ омада хостори ихроҷи сафири Амрико аз кишвар шуданд.

Бар асари эътирозҳо алайҳи нашри филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” то имрӯз 18 нафар, аз ҷумла, сафири ИМА дар Либия Кристофер Стивенс, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG