Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гумони ҳамла ба дипломатҳо 4 нафар боздошт шудаанд


Вазири умури дохилии Либия Фавзӣ Абдул Аъл

Вазири умури дохилии Либия Фавзӣ Абдул Аъл

Вазири умури дохилии Либия хабари боздошти 50 гумонбари дастдошта дар ҳамла ба консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозиро рад кард. Дар ин ҳамла, ки рӯзи сешанбе сурат гирифт, сафири ИМА Кристофер Стивенс ва се шаҳрванди амрикоӣ кушта шуданд.

Дар бораи боздошти 50 гумонбар раиси парлумони Либия Муҳаммад ал-Магариф хабар дода буд. Аммо вазири умури дохилӣ Фавзӣ Абдул Аъл гуфт, ки фақат чаҳор нафар боздошт шудаанд, 50 нафари дигарро ҳамчун шоҳид даъват кардаанд.

Мақомоти Либия мегӯянд, ки ҳамла пешакӣ тарҳрезишуда буд ва дар он асосан хориҷиён бо кӯмаки ҷонибдорони маҳаллии шабакаи “Ал-Қоида” ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки ифротгароҳо барои ҳамлаи мусаллаҳона ба консулгарӣ аз нашри филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар ИМА истифода карданд.
XS
SM
MD
LG