Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Шакуриро имрӯз ба хок месупоранд


Имрӯз дар Душанбе маросими дафни ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ баргузор мешавад. Ин донишманди саршиноси тоҷик дирӯз дар синни 87 даргузашт. Академик Шакурӣ, фарзанди равшанфикри маъруф Шарифҷон –Махдуми Садри Зиё соли 1926 дар Бухоро таваллуд шудааст. Академик Шакурӣ аз муҳаққиқони барҷастаи забону адабиёт ва таърихи мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз ӯ чандин китобу таҳқиқот, аз ҷумла «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», «Хуросон аст инҷо», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист”, "Садри Бухоро", "Равшангари бузург" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро” ба ёдгор мондааст.
XS
SM
MD
LG