Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон


Бинои сафорати Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Душанбе
Бинои сафорати Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Душанбе

Сафорати Амрико аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки аз ҳузур дар маҳалҳои эҳтимоли тазоҳурот худдорӣ кунанд.

Ба дунболи ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Либия, Миср, Яман ва бархе дигар аз кишварҳои мусалмоннишин дар ҳафтаи гузашта, сафорати Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, "ҳушёр бошанд".

Сафорат дар хитобае дар торнамои худ мегӯяд, агарчӣ иттилое дар бораи вуқӯи ҳодисаҳои шабеҳ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале бо вуҷуди ин шаҳрвандони Амрико бояд ҳушёр бошанд. Дар ин баёния ба шаҳрвандони Амрико ёдрас кардаанд, ки аз ҳузур дар маҳалҳои эҳтимоли тазоҳурот ва ё ҳамоишҳои бузург парҳез кунанд.

Аз рӯзи 11-уми сентябри соли ҷорӣ ба инҷониб дар теъдоде аз кишварҳои мусулмоннишин тазоҳурот алайҳи филме идома дорад, ки дар он паёмбари ислом Муҳаммад истеҳзо шудааст. Аз ҷумла, дар ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия сафири Иёлоти Муттаҳида ва се амрикоии дигар кушта шуданд.

Сем Басил, як соҳибкори амрикоии яҳудитабор аз иёлати Калифорния, иддао дорад, ки ин филмро ӯ наворгириву танзим кардааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз Басил иқтибос овардааст, ки ӯ мехост, ба ин восита таъқиби коптҳои насронии Мисрро нишон диҳад. Қаблан мегуфтанд, ки филмро коптҳои насронии мисрӣ, ки ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебаранд, ба навор гирифтаанд.

Ахиран Шӯрои амнияти Созмони Милал аз кишварҳое, ки дар он ҷо ба сафортахонаҳои кишварҳои ғарбӣ, махсусан Амрико ҳамла мешавад, хоста, ки ба аҳди худ дар бораи ҳифзу нигаҳдории дипломатҳо ва коркунони намояндагиҳои хориҷӣ амал кунанд. Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбеи гузашта низ ҳамла ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ ва кушта шудани чаҳор дипломати амрикоӣ дар Либияро маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG