Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаҳои хонаводагӣ дар Хатлон ҷони се танро рабуд


Дар пайи муноқишаҳои оилавӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон се нафар кушта шудаанд. Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Умедҷон Исматуллоеви 23 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Ҷомӣ дар пайи як муноқишаи оилавӣ дар ҷойгаҳи хоб ҳамсараш Фирӯза Исматуллоеваи 20 - соларо бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда, кушта, сипас бо ҳамон рӯймол худро дар дастаки аловхонаи манзилаш овехта, бо ҳаёт падруд гуфтааст. Ҳамчунин шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон Парвина Сафоеваи 29 – соларо боздошт кардааст, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ бо корди ошхона ба пойи рости шавҳараш Холалӣ Бойтураеви 40-сола задааст. Ахирӣ аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ҷон додааст. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 110 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Мақомот сабаби ин кушторҳоро танҳо муноқишаҳои оилавӣ унвон карда, аз додани тафсилоти бештар худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG