Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвари Федератсияи байналмилалии автомобилӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мартин Марми, Дабири кулли Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ва намояндаи доимии котиботи комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА - Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт.

Маркази матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ дар бораи тарҳи «роҳи намунавӣ»-ро, ки шоҳроҳи Қирғизистон-Ҷиргатол-Рашт-Душанбе-Қурғон-теппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистонро дастгирӣ намуда, ин созмонро барои ҳамкорӣ дар нуқтаи марзии «Панҷи поён» барои сохтани як маркази дастгирии автомобилӣ даъват кард.

Дар ин мулоқот ҳамчунин сарварии ҷониби Тоҷикистон дар соли 2013 дар ТРАСЕКА ва гузаронидани конфронси байнулмилалие дар сатҳи баланд, ки имкониятҳои транзитии кишварҳои Осиёи Миёнаро то соли 2020,ки бояд соли оянда дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG