Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устод Шакурӣ имрӯз дар Лучоб дафн хоҳад шуд


Қарор аст, имрӯз маросими дафни Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик ва аз пажӯҳишгарони барҷастаи тоҷик дар Душанбе баргузор шавад, ки ӯ рӯзи якшанбе дар синни 87-солагӣ даргузашт. Табибонаш дар шифохонаи Ибни Сино дар Душанбе гуфтанд, ки иллати даргузашти устод Шакурӣ, саратони ғадуди простата ва аворизи дигари он будааст:"Устод Шакурӣ бо ташхсиси саратони ғадуди простата ва аворизи мухталифи ин беморӣ, дар таърихи 5-уми сентябри соли 2012 дар ин бемористон бистарӣ шуда ва аз соати 17-и рӯзи 14-уми сентябр дар ҳолати кома ва дар зери дастгоҳи маснуии танаффус қарор дошт." Муҳаммадҷон Шакурӣ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Устод Шакурӣ имрӯз дар оромгоҳи Лучоб дар канори шаҳри Душанбе дафн хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG