Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии амиқи фармондеҳи Амрико аз...


Як фармондеҳи олирутбаи амрикоӣ, ҳамлаи нерӯҳои саркаши афғон ба сарбозони хориҷиро «як таҳдиди бисёр ҷиддӣ» барои ҷанг дар Афғонистон хонд. Генерал Мартин Демсӣ рӯзи якшанбе гуфт, ҳукумати Афғонистон бояд ин масъаларо мисли мақомоту фармондеҳони амрикоӣ ҷиддӣ бигирад. Мартин Демсӣ баъди он сӯҳбат кард, ки рӯзи якшанбе як пулиси афғон чаҳор сарбози амрикоиро дар вилояти Зобул кушт. Ин сарбозон барои кӯмак ба посгоҳе шитофта буданд, ки ба он ҳамла шуда буд. Тайи соли равон 51 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ аз дасти сарбозони саркаши афғон ва ё душманоне, ки ба сафи онҳо роҳ ёфта буданд, кушта шуданд. Нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон танҳо дар моҳи август дар чунин ҳамлаҳо 15 сарбози худро талаф доданд.
XS
SM
MD
LG