Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба маҳви 21 ҳазор гӯсфанд шурӯъ кард


Дар Покистон ба маҳви бештар аз 21 ҳазор гӯсфанд воридотӣ аз Австралия шурӯъ карданд, ки ба як бактерияи хатарноке олуда шудаанд. Рӯшан Шайх, намояндаи ҳукумати шаҳри Карочи, гуфт, ин гӯсфандҳо ба ду навъи бактерияи хатарнок, аз ҷумла салмонеллёз олуда шудаанд ва хӯрдани гӯшти онҳо тавсия дода намешавад. Забҳ ва маҳви гӯсфандҳо чанд рӯз идома хоҳад кард. Ин гӯсфандҳоро Баҳрайн ба далели беморӣ нахаридааст, ва сипас онҳоро як тоҷири покистонӣ ки ба Карочӣ ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG