Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Арманистон тамрини низомии минтақаӣ оғоз ёфт


 Сейран Оҳанян-вазири мудофиаи Арманистон( дуюм аз чап)

Сейран Оҳанян-вазири мудофиаи Арманистон( дуюм аз чап)

Рӯзи шанбе дар Арманистон тамрини низомии нерӯҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъии Иттиҳоди Давлатҳои Мушатаркулманофеъ оғоз ёфт. Тахминан 2 ҳазор афсару сарбози Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар давоми панҷ рӯз тамрини густардаи низомӣ раҳандозӣ хоҳанд кард. Вазири мудофиаи Арманистон Сейран Оҳанян мегӯяд, ҳадафи тамрин ташкили нерӯи минтақаӣ аст, ки хатарҳои эҳтимолиро маҳв намояд. Ин размоиш эҳтимол барои ду ҳамсояи Арманистон нороҳаткунанда бошад: Озарбойҷон бо Арманистон рӯи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ баҳс дораду Гурҷистон дар пайи ҷанги кӯтоҳмуддат бо Русия дар соли 2008-ум Кремлро таҳдиди низомӣ арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG