Пайвандҳои дастрасӣ

Замони сафари Путин ба Душанбе мушаххас нашудааст


Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин (Акс аз бойгонӣ)

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин (Акс аз бойгонӣ)

Сафири Тоҷикистон дар Русия хабарҳо дар бораи сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Душанберо тасдиқ накард.

Баъзе хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки президенти Русия Владимир Путин 19-20-уми сентябр аз Қирғизистон зиёрат намуда, сипас ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар айни замон сафири тоҷик Абдумаҷид Достиев бо ишора ба мулоқоти ахири президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки моҳи майи соли равон дар Маскав доир шуд, гуфт, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқат расидаанд, ки дар охирҳои моҳи сентябр ва ё ибтидои моҳи октябр президент Путин аз Тоҷикистон зиёрат мекунад.

Достиев илова кард, ки дар ҳамон сӯҳбат ду раҳбар пешбинӣ карда буданд, ки шояд то ҳамон вақт тамоми паҳлӯҳои мавриди баҳси тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад.

Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки масъалаи меҳварӣ дар мулоқоти руасои ҷамоҳири ин ду кишвар, сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хоҳад буда, ки мӯҳлати будубоши он дар соли 2014 ба поён мерасад.

Моҳи сентябри соли гузашта Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии вақти Русия баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, ки қарордод миёни ду кишвар оиди Пойгоҳи низомии 201 дар семоҳаи аввали соли 2012 ба имзо мерасад.

Дар давоми як моҳи гузашта ду навбат гурӯҳи кории Русия зери раҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов барои тамдиди ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе сафар карда, бо ҳайати кории Тоҷикистон музокирот пеш бурд.

Ба дунболи сафари ахири муовини вазири дифои Русия дар ҳафтаи гузашта хабаре ба нашр расид, ки зоҳиран тарафҳо барои ҳузури ин пойгоҳ ба муддати сӣ сол тавофуқ ҳосил кардаанд. Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев мегӯяд, то ҳанӯз сафорат дар ин бора санаде дастрас накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG