Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Ҳамлаҳо ба сафоратҳо ҳеҷ далеле надоранд


Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, ҳамлаҳо ба сафоратҳои ИМА, ки баъди нашри филми зидди исломӣ шурӯъ шудаанд, ҳеҷ далел надоранд. Обама дар паёми ҳафтаинааш тавассути Радио гуфтааст, ӯ возеҳ намудааст, ки ИМА ба пайравони тамоми динҳо эҳтиром дорад ва ИМА тарафдори озодии дин аст. Президенти ИМА афзудааст, ки кишвараш тавҳини ягон дин ва аз ҷумла тавҳини дини исломро қабул надорад. Дар айни замон ӯ таъкид кардааст, ки хушунат ҳам қобили қабул нест. Рӯзи шанбе ҳангоми поксозии кӯчаҳои канори сафорати ИМА дар Қоҳира аз эътирозгарон як марди мисрӣ ба ҳалокат расид.
Рӯзи шанбе полиси Тунис гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи ҷумъа дар ин кишвар чор нафар ҳалок шуданд. Ҳамчунон рӯзи ҷумъа дар эътирозҳои Судон ба қавли мақомоти ин кишвар ду кас ба ҳалокат расидаанд. Аслан рӯзи ҷумъа дар беш аз 20 кишвари Ховари Миёна ва Осиёи ҷанубу шарқӣ эътирозҳо бар зидди филми тавҳинкунандаи пайғамбари ислом барпо шуда буд.
XS
SM
MD
LG