Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пойтахти Сурия Иброҳимӣ бо Асад вохӯрд


Ахзар Иброҳимӣ (аз чап) ва вазирик орҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим ( аз рост)

Ахзар Иброҳимӣ (аз чап) ва вазирик орҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим ( аз рост)

Рӯзи шанбе дар Димашқ фиристодаи байналмилалӣ Ахзар Иброҳимӣ (Lakhdar Brahimi) бо президенти Сурия Башор ал-Асад роҳҳои ҳалли низоъ дар Сурияро баҳс кард. Баъди мулоқот Иброҳимӣ ба хабарнигорон гуфт, “ мо бӯҳрони Сурияро баррасӣ кардем ва ман такрор кардам, ки ин бӯҳрон хеле хатарнок аст.” Ин аввалин мулоқоти Иброҳимӣ бо президент Асад дар мақоми фиристодаи байналмилалӣ мебошад. Моҳи август собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннон аз ин мансаб истеъфо дода буд. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон мебошад, гуфтааст, ки рӯзи ҷумъа дар Сурия 160 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG