Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Лос Анҷелес филмсозро ба сӯҳбат даъват кард


Пули Винсент Томас дар шаҳри ЛосАнҷелес

Пули Винсент Томас дар шаҳри ЛосАнҷелес

Дар иртибот бо филм бар зидди пайғамбари ислом полиси федералии ИМА фаъолиятҳои як филмсози муқими ҷануби аёлати Калифорнияро оғоз намуд. Ин фард дар гузашта бо ҷиноятҳои молӣ маҳкум шудааст. Рӯзи ҷумъа сухангӯи идораи полиси Лос Анҷелес гуфт, Накуола Басилей Накуола аз хонааш ба идораи полис барои мулоқот бо афсарони полиси федералӣ интиқол дода шуд.
Бахши нозири озодии шартии маҳкумшудагон дар қисмати марказии Калифорния парвандаи Накуоларо таҳқиқ мекунад. Номбурда дар соли 2012-ум бо тақаллуби бонкӣ маҳкум шудааст ва бахше аз муҷозоти ӯ манъи истифодаи компютер ва интернет мебошад.
Тахмин мешавад, ки Накуола фарди калидӣ дар тавлиди филми зидди исломии “Бегуноҳии Мусулмонон” аст. Филм боиси эътирозҳои хушунатбор дар Ховари Миёна гардидааст. Ҳафтаи равон дар як ҳамла болои консулгарии амрикоӣ дар Бенғозии Либия сафири ИМА Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG