Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду сарбози амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон


Шоҳзода Ҳаррӣ дар пойгоҳи ҳавоии Кемп Бастиони Британия дар вилояти Ҳилманди Афғонистон
Шоҳзода Ҳаррӣ дар пойгоҳи ҳавоии Кемп Бастиони Британия дар вилояти Ҳилманди Афғонистон
Бар асари ҳамлаи ошӯбгарон дар пойгоҳи ҳавоии Британия дар ҷанубу шарқи Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Мақомоти ИМА мегӯянд, дар ҳамлаи шаби ҷумъа ҳамчунон 16 толиби силоҳбадаст ба қатл расидаанд.
Шоҳзодаи Британия Ҳаррӣ дар пойгоҳи Кемп Бастиони вилояти Ҳилманд барои чор моҳ сафарбар шудааст. Низомиёни Британия мегӯянд, ки дар ин ҳамла Ҳаррӣ ҷароҳате набардоштааст.
Ба қавли мансабдорон ошӯбгарон аз гулӯлаандоз ва силоҳи сабук кор гирифта, ба якчанд ҳавопаймо хасорот расондаанд.
Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта, иброз доштаанд, ки ин ҷавоб ба нашри филми тавҳиномез дар бораи пайғамбар Муҳаммад аст.
XS
SM
MD
LG