Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти тоҷик мегӯянд, марзбонони узбак бо амалкардҳои худ авзоъ дар марзи миёни ду кишварро шиддат мебахшанд.

Рӯзи ҷумъа, 14-уми сентябр, Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки нисфрӯзи 11–уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Узбакистон бархӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли сухангӯи Раёсати марзбони Тоҷикистон, Хушнуд Раҳматуллоев, як марзбони аспсавори узбак дар минтақаи Чопони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд 150-200 метр ба хоки Тоҷикистон ворид шуда, бо телефони ҳамроҳ наворгирии кишоварзонро шурӯъ кард.

Раҳматуллоев меафзояд, марзбонони тоҷик убури ғайриқонунии марзро қайд намуда, ба аспсавори узбак амр доданд, “таваққуф” кунад, вале ӯ ба қаламрави Узбакистон баргашт ва бар илова марзбонони дигари узбак ба тарафи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Ба қавли хадамоти марзбонии Тоҷикистон марзбонони тоҷик маҷбур буданд, ба ин оташ ҷавоб диҳанд.

Як рӯз пеш аз он, расонаҳои Узбакистон аз қавли хадамоти марзбонии ин кишвар иттилоъ дода буданд, ки дар ҳодисаи 11-уми сентябр марзбонони тоҷик ба хоки Узбакистон 50 метр убур намуда, як марзбонро маҷрӯҳ карданд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мелитозӣ Ёқубов, муовини сарвари раёсати беҳдошти вилояти Ҷиззахи Узбакистон, тасдиқ кард, ки Азиз Мавлонов ном марзбоне бо ҷароҳати сабуки шикам ва даст дар шифохонаи ноҳияи Чиламазор бистарӣ шуд. Ӯ гуфт, "мо кумаки аввалия расондему халос. Ҳеҷ зарурати амалиёти ҷарроҳӣ набуд.”

Дар шароите, ки марзи миёни ду кишвар сад дар сад мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст, эҳтимол дорад, марзбонон ва ё шаҳрвандони муқаррарӣ чанд қадам ба ин тараф ва ё он тараф убур кунанд. Оё ҳатман чунин убурҳо бояд бо тирпарронӣ ҳаллу фасл шаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон (чап) бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов (рост)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон (чап) бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов (рост)

Сухангӯи хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, 1-уми сентябр ҳам марзбонони узбак то як километр ба хоки Тоҷикистон убур намуда, як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро зӯран ба кишвари ҳамсоя бурданд. Ба қавли Раҳматуллоев, Узбакистон то ҳол дар бораи сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон маълумоте надодааст: "Сарфи назар аз талаби Тоҷикистон ҷониби Узбакистон дар бораи макони буду боши шаҳрванди Тоҷикистон маълумот надодааст. Зиёда аз он, марзбонони узбак ба мулоқоте, ки ба хотири арзёбии ин ҳодиса ташкил шуд, наомаданд. Ин аввалин ҳодиса нест, ки ҷониби Узбакистон мунтазири натиҷаи таҳқиқот нашуда, марзбонони тоҷикро айбдор эълон мекунад."

Моҳи декабри гузашта ҳам марзбонони узбак ҳамроҳ бо низомиёни ин кишвар дар деҳаи Сарваки Болои ноҳияи Ашт амалиёт гузаронда, Ҳамзаалӣ Хидиров ном шаҳрванди узбактабори Тоҷикистонро ҳамроҳ бо худ бурданд. Дар сӯҳбати телефонӣ ҳамсари Хидиров - Гулнора Хидирова гуфт, ахиран аз додгоҳи вилояти Намангони Узбакистон номае гирифтааст, ки бар пояи он шавҳараш Ҳамзаалӣ ва як дӯсташ ба хотири убури ғайриқонунии марз ва шикори ғайриқонунӣ дар Узбакистон ба муддати шаш солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Вале аксари кулли сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон мисли Ҳамзааливу дӯсташ ба истилоҳ маҷораҷӯй нестанду намехоҳанд дар майдонҳои минаи марзи миёни Узбакистону Тоҷикистон ҳаёти худ ва ё чорвояшонро аз даст диҳанд. Ҳанифа Юсуфова солҳои тӯлонӣ дар мансаби раиси ҷамоати Работи ноҳияи Конибодом кӯшиш кардааст, ки равуои озод миёни ду кишвар барқарор шавад, то ҳадди ақал бо оилаи аммааш дар он сӯи марз рафтуомад кунанд. Имсол хонум Юсуфова ҳам ба нафақа баромад, вале мушкилиҳо зиёду шудаанду каме не. Ба гуфтаи ин хонум, ҳозир дар миёни деҳа ва боғу киштзорҳои он хатти марзро кашидаанду сокинон ҳар рӯз барои кор дар киштзорашон маҷбуранд тавассути КПП ё худ гузаргоҳи марзии Узбакистон, воқеъ дар масофаи беш аз 20 километр, рафту омад кунанд.

“Ҳозир ҳам кишоварзон бояд ба воситаи КПП (гузаргоҳи марзӣ) ба киштзорҳо раванд. Агар трактору техникаи дигар зарур шавад, онҳо бояд аз Узбакистон ин таҷҳизотро иҷора гирифта, пул диҳанд. Роҳ миёни хонаҳои онҳо ва киштзор ҳозир ба 20-25 километр баробар шудааст. Агар онҳо метавонистанд, ки мустақиман аз хона ба киштзор гузаранд, ин масофа ҳамагӣ 40-50 метр аст”,-афзуд ӯ.

Сиёсатшиноси муҳоҷири Узбак Камолиддин Рабимов мегӯяд, воқеан марзи Тоҷикистону Узбакистон бояд марзи дӯстиву бародарӣ бошад, вале ихтилофу даъвоҳои ба истилоҳ элитаҳои ду кишвар боиси ҳоли ногувори ин марз аст: “Аз нуқтаи назари фарҳанги иҷтимоӣ барои узбакон тоҷикону уйғурҳо наздиктарин қавм мебошанд. Вале тавре мебинем, раҳбарон дар ин маврид назари дигар доранд.То замоне, ки онҳо мисли ҳар ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди мардум ҷавобгӯй набошанд, ҳамин имкони низоъ боқӣ мемонад ва ё ҳатто зиёд мешавад."

Ба қавли ин коршинос, агар президентҳои ду кишвар Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон метавонистанд, ки ихтилофҳояшонро аз байн баранд, на танҳо мушкили марзу рафтуомад, балки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам, ки боис ба баҳсҳои оташин шудааст, ба зудӣ рафъ мегардид.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG