Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи тазоҳургарон ба сафоратҳои ИМА


Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи як филми масхарамомез дар бораи ислом, тазоҳургарони хашмгин ба сафоратҳои Амрико дар Судон ва Тунис ҳамла карданд. Бино ба гузоришҳо, дуди ғализе аз сафорати Амрико дар Тунис боло меояд, ки дар инҷо теъдоде аз тазоҳургарон дар бархӯрд бо маъмурони пулис маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри Хартум пойтахти Судон, тазоҳургарон девори берунии сафорати Амрикоро вайрон кардаанд. Дар инҷо як тазоҳургарро куштааст. Пештар аз ин ҳудуди 5 ҳазор тазоҳургар бо ҳамла ба сафоратҳои Бритониё ва Олмон дар Хартум онҳоро ба оташ кашиданд. Тазоҳурот дар Яману Ҳинд, Индонезия, Эрон ва Афғонистон низ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG