Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вакили порлумони Русия аз ваколаташ маҳрум шуд


Вакилони Думаи Давлатии Русия Геннадий Гудков, яке аз ҳамкорони худро, ки раиси ҷумҳур Владимир Путинро бисёр танқид мекард, аз порлумон ронданд. Дар раъйгирии рӯзи ҷумъа 291 вакил ба ҷонибдорӣ ва 150 нафар мухолифи ихроҷи Геннадий Гудков аз Дума раъй додаанд. Геннадий Гудков, аз Ҳизби мухолифи Русияи Одил мегӯяд, ӯ ба далоили сиёсӣ аз ҳаққи ваколат маҳрум кардаанд. Вакилони ҳукуматгарои Русия мегӯянд, ки Геннадий Гудковро ба далели фаъолиятҳои соҳибкорӣ аз ваколаташ маҳрум карданд, зеро бар асоси қонун ӯ ҳақ надорад, ба тиҷорат ё соҳибкорӣ машғул шавад.
XS
SM
MD
LG