Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имомҳои масоҷиди Узбакистонро “дар қатори мардум” ба пахтачинӣ баровардаанд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, мақомоти Узбакистон ба хотири ҷалби мардуми бештар ба маъракаи пахтачинӣ, аз имомҳо ба унвони як дастгоҳи нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ муассиртари таблиғи мардум ва ҳам ба ҳайси “реклама”-и зинда дар мавсими ғунучини пахта истифода мебаранд.

Барои мисол, феълан тамоми ходимони дин дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона дар пахтачинӣ будаанд. Хабарнигори “Озодӣ” талош кард, ба масҷиди ҷомеъи Зайд ибни Собит занг занад, вале гӯширо аз он сӯ посбони масҷид бардошт ва гуфт, “тамоми ходимон, бо шумули имом-хатиб, ба пахтачинӣ рафтаанд.”

Имоми ин масҷид Соҳибҷон Аҳмадов бо онки ҳамагӣ 31 сол дорад, аз рӯҳониёни пурнуфуз дар Узбакистон ба шумор меояд ва дар озмуни “Имоми сол-2012” ҳатто сазовори мақоми севум шуда буд. Хабарнигори “Озодӣ” домулло Соҳибҷонро тавассути телефон вақте пайдо кард, ки ӯ дар майдони пахта қарор доштааст. “Имоми севуми сол”-и Узбакистон баъди “машварат бо раҳбарият” аз мусоҳиба бо “Озодӣ” даст кашид, вале эътироф кард, ки имом-хатибон дар маъракаи таблиғи мардум ба пахтачинӣ фаъолона ширкат доранд ва “дар қатори мардум” онҳо низ бонавбат ба саҳро мебароянд.

Дар замони Шӯравӣ Узбакистон солона 6 миллион тонна пахта ҷамъ меовард ва манбаъи асосии “тилои сафед” барои СССР буд. Дар он аҳд дар рӯзҳои ғунучини ҳосил тамоми мардум, бо шумули хонандагони макотиб ва ҳатто коргарони корхонаву идораҳои шаҳрнишин ба пахтачинӣ сафарбар мешуданд. Мавридҳое ҳам зиёд буд (бахусус дар поёни мавсим), ки ба хотири иҷрои нақша маъмурони пулис мошинҳову автобусҳоро дар роҳ нигоҳ медоштанд ва ронандаву мусофиронашонро саросар ба саҳро меронданд, ки пахта чинед.

Ҳоло Узбакистон назар ба даврони Шӯравӣ ду маротиба камтар – соле ҳудуди 3 миллион тонна – пахта ҷамъ меорад, вале ҳамон шеваи бозмонда аз он аҳд, яъне “Ҳама – ба пахтачинӣ!” то ҳол дар ин кишвар роиҷ аст. Ҷалби иҷбории толибилмон ба пахтачинӣ як маъракаи густардаи байналмилалӣ алайҳи истифодаи нирӯи кӯдак дар саҳроҳои Узбакистонро ҳам ба бор овард ва чандин ширкати маъруф, аз ҷумла H&M, Burberry, Levi’s, Adidas, Walmart, Macy's Eileen Fisher, Nautica, Liz Claiborneб Nikeб Puma ва Tesco ба нишони эътироз аз харидорӣ ва корбурди пахтаи ин кишвар даст кашиданд.

Имсол ҳанӯз қабл аз оғози мавсим сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо судури як амри вижа ба вазорати маориф ҷалби хонандагони мактабҳо ба пахтачиниро манъ кард, вале фақат дар соатҳои дарсӣ. Нозирони умур мегӯянд, гумон аст, ки касе дар маҳаллҳо имсол ҳам ин амрро иҷро кунад, вале зоҳиран камбуде дар таъмини саҳроҳо бо мардуми пахтачин ба вуҷуд омадааст, ки давлати Узбакистон рӯи ниёз ба имом-хатибони масоҷид овардааст.

Имом-хатибон акнун дар маъвизаҳо мардумро ба ширкати фаъолона дар пахтачинӣ даъват карда, бо ҳузури бевоситаи худ дар ин маърака ба пайравонашон гӯё намунаи ибрат нишон медиҳанд. Идораи мусалмонон, ё муфтиёти Узбакистон дар сомонаи интернетиаш ҳатто як намунаи маъвизаи марбут ба мавсими пахтаро ҳам нашр кардааст, ки дар он дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлол як-як сифат шуда, пахтаро “як неъмати илоҳӣ”, “сарчашмаи пешрафти Узбакистон” ва “омили зеботар шудани сурати рустоҳои кишвар дар аҳди истиқлол” ба қалам медиҳад. Идораи мусалмонон дар ин “маъвизаи намунавӣ” мегӯяд, рӯҳониён бояд дар чунин рӯзҳо дар байни мардум ва “баробару бародари мардум” бошанд ва бо пахтакорон “аз як гиребон сар бароранд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG