Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои лафзии марзбонони тоҷику ӯзбак


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, марзбонони Ӯзбакистонро бо амалкардҳои худ авзоъ дар марзи миёни ду кишварро шиддат мебахшид. Раёсати марзбонии кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, тайи моҳи равон марзбонони ӯзбак ду маротиба ғайриқонунӣ вориди қаламрави кишвар шуда ва аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон рабудаанд. Дар ҳодисаи дигар марзбонони тоҷик маҷбур шудаанд, ки ба самти марзбонони ӯзбак тир андозанд. Мақомоти Ӯзбакистон гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса рӯзи 11 сентябр як марзбони ӯзбак ҷароҳати вазнин бардоштааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: "Бори аввал нест, ки ҷониби Ӯзбакистон пеш аз анҷоми таҳқиқи расмӣ, марзбонони тоҷикро гунаҳкори ҳодиса эълом мекунад, бо вуҷуди онки марзбонони Тоҷикистон бо назардошти шиддат набахшидан ба авзоъ дар марз, ин қазияро ошкор накарданд." Муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон ки марзи бештар аз 1300 километрӣ доранд, тайи солҳои ахир сард шудааст ва 16 дар сади ин марз то ҳол ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG