Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Ҷопону Чин бари сари ҷазираҳо авҷ гирифт


Шаш киштии посбонии Чин имрӯз ба қаламравҳои обие ворид шуданд, ки сари ҷазираҳои он бо Ҷопон даъво дорад. Нерӯҳои марзбонии Ҷопон аз ин киштиҳо хостаанд, қаламравҳои обии Ҷопонро тарк кунанд, вале танҳо се киштӣ ба ин амр итоат кардаанд. Моҷаро бари сар ин ҷазираҳо баъди он бархост, ки Токио гуфт, бо як молики ҷопонии се ҷазира, ки онро Чин аз они худ мешуморад, созишномаи хариди онҳоро имзо кард. Вазорати дифоъи Чин эълом кард, ки ҳукумат ва қувваҳои мусаллаҳ “бо азму иродаи қотеъ тамомияти арзии кишварро” муҳофизат хоҳанд кард. Ҳукумати Чин ҳамчунин ба Ҷопон ҳушдор додааст, ки ҷанҷол бар сари ин ҷазираҳои кӯчак ба тиҷорат миёни ду кишвар латма хоҳад зад. Бо вуҷудӣ хурдӣ ин ҷазираҳо, дар як макони муносиби моҳидорӣ ва ҳам манобеъи бузурги газ ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG