Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Бритониё Афғонистонро пештар тарк мекунанд


Филип Ҳаммонд, вазири дифоъи Бритониё, мегӯяд, дар назар дорад, бархе аз нерӯҳои кишварашро пеш аз мӯҳлат аз Афғонистон хориҷ кунад. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Гордиан” Филип Ҳаммонд эътироф кардааст, ки то шаш моҳи пеш артиши Бритониё исрор дошт, ки дар ҳузури зиёд ва то ҳадди мумкин тӯлонӣ дар Афғонистон дошта бошад, аммо фармондеҳони бритониё ба ин натиҷа расиданд, нақши ҷангии худро ба нерӯҳои афғон тақсим кунанд. Интизор меравад, 500 сарбози бритониёӣ то охири сол Афғонистонро тарк кунанд ва бо ин тартиб 9 ҳазор сарбози бритониёӣ дар Афғонистон боқӣ мемонанд, то ба нерӯҳои амниятии Афғон ёрӣ диҳанд. Вазири дифоъи Бритониё гуфтааст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки шумори бештаре аз сарбозони кишвараш соли 2013 аз Афғонистон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG