Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари минаҳо дар машқгоҳҳои низомӣ


Минарӯбони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Минарӯбони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Маркази минарӯбии Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар хостааст, минтақаҳоеро, ки дар онҳо машқҳои низомӣ баргузор мешаванд, таҳти назорати ин марказ қарор диҳад.

Дафтари матбуоти ин Марказ рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ин пешниҳоди онҳо дар мақомоти ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ва ҳадаф аз ин иқдом, таҳти назорат ва мавриди ҷустҷӯ қарор додани маводи тарканда дар размоишгоҳҳои минтақаи Хатлон ва вилояти Суғд мебошад.

Яке аз пешниҳодҳои дигари Маркази минарӯбӣ, ба харита ва ё нақшаи вуҷуди минаҳо ворид кардани минтақаҳое мебошад, ки дар онҷо машқҳои низомӣ сурат мегиранд.

Баъзе аз сокинони атрофи размоишгоҳҳо ба Маркази минарӯбӣ муроҷиат кардаанд, ки бар асари таркиши минаҳо дар атрофу ҳошияи размоишгоҳҳо, фарзандонашон ҷароҳат бардоштаанд ва ҳатто кушта шудаанд.

Ба ин манзур Маркази минарӯбии Тоҷикистон чанд барномаеро рӯи даст гирифта ва ба кишварҳои донор муроҷиат кардааст, ки барои омода кардани мутахассисон, кӯмак расонанд.

Дар таърихи 22-юми августи соли равон дар назди размоишгоҳи "Мумирак"-и минтақаи Кулоб, бар асари таркиши мина Дилшоди Сӯҳроби 10-сола аз ду дасташ маҳрум шуд ва бар асари хунравии зиёд, даргузашт. Дар ҷои ҳодиса падару модараш низ ҷароҳат бардошта буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG