Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама бо президенти Яман телефонӣ гуфтугӯ кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури Яман телефонӣ масъалаи ҳамла ба сафоратхонаи Амрико дар шаҳри Cанъоро баррасӣ карданд.

Бино ба гузориши Кохи Сафед, Обама хостааст, ки амнияти дипломатҳои Амрико таъмин шавад. Вай ҳамзамон ба Ҳодӣ изҳори сипос кардааст, ки ба зудӣ ба тазоҳурот вокуниши манфӣ нишон додааст ва расидагӣ ба ҳодиса шурӯъ шудааст.

Дирӯз дар ҷараёни ҳамла ба сафоратхонаи Амрико дар Санъо-пойтахти Яман пулиси ин кишвар 3 нафарро ба қатл расонд ва бештар аз 30 нафар захмӣ шудаанд.

Дар Қоҳира-пойтахти Миср дар бархурдҳо 220 нафар осеб дидаанд. 30 нафари онҳо кормандони пулис мебошанд. 23 нафар боздошт шудаанд.

Тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди намоиши филмии хусусии амрикоӣ дар Кувайту Марокаш, Судону Тунис ва дар борикаи Ғаззаву Банглодеш низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG