Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

500 низомии Британия аз Афғонистон хориҷ мешаванд


Филип Ҳаммонд

Филип Ҳаммонд

Филип Ҳаммонд-вазири дифои Британия мегӯяд, кишвараш ин маъаларо баррасӣ мекунад, ки баъзе аз воҳидҳои низомии Британияро қабл аз мӯҳлати пешбинишуда аз Афғонистон фаро хонад.

Дар мусоҳибае, ки дар рӯзномаи “The Guardian” ба нашр расидааст, Ҳаммонд гуфтааст, шаш моҳ пеш низомиён мегуфтанд, ки нируҳои Британия ҳар чӣ бештар ва дар шумораи бештар дар Афғонистон нигоҳ дошта шаванд.

Ҳоло Британия тасмим гирифтааст, ки то поёни соли ҷорӣ 500 нафар сарбозони худро аз Афғонистон ба Ватан бозгардонад. Дар он сурат дар Афғонистон 9 000 сарбози бритониёӣ хоҳанд монд.

Имкон дорад дар давоми соли 2013 низ қисми дигаре фаро хонда шаванд.
XS
SM
MD
LG