Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Иброҳимӣ бо мухолифони Сурия мулоқот мекунад


Ахзар Иброҳимӣ дар Сурия

Ахзар Иброҳимӣ дар Сурия

Интизор меравад, ки имрӯз Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи нави СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия баъд аз таъйин ба ин мақом дар Димишқ бори аввал бо намояндагони гурӯҳҳои мухолифон мулоқот кунад. Намояндагони ин гурӯҳҳоро режими Сурия ба расмият шинохтааст ва эътроф мекунад.

Мулоқот бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Аҳмад Фавзӣ-намояндаи Ахзар Иброҳимӣ ба матбуот хабар дод.

Рӯзи панҷшанбе Иброҳимӣ бо Воҳид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия дидор ва гуфтугӯ кард. Вай қавл дод, ки бо фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб ҳамкорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG