Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи маломаткунандаи ОБЭҲ бар зидди Эрон


Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ бар зидди Эрон қатъномаи маломаткунандае ба тасвиб расондааст, зеро ин кишвар бо ожонс ҳамкории ҳамаҷониба надоштааст.

Дар ин қатънома “ба таври ҷиддӣ изҳори нагаронӣ” шудааст, ки Эрон ҳамчунон ғанисозии уранро идома медиҳад. Аз Эрон ҳамчунин даъват шудааст, ки бозрасонро ба корхонаи ҳастаии Порчин иҷоза диҳад.

Алӣ Султония-намояндаи Эрон дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ қатъномаро талоши навбатии кишварҳои ғарбӣ арзёбӣ кард, ки мехоҳанд бӯҳрони ҳастаии Эронро ба масъалаи сиёсӣ табдил диҳанд.
XS
SM
MD
LG